Шоҳиён: "Буридани саҳнаҳои ишқварзӣ далели ахлоқӣ дорад"
     TJ RU EN
10:39 / 2024-11-16

Шоҳиён: "Буридани саҳнаҳои ишқварзӣ далели ахлоқӣ дорад"

Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки қайчӣ задани саҳнаҳои ишқварзӣ аз филмҳои хориҷӣ "далели ахлоқӣ" дорад. Охири соли гузашта як гуруҳи вижа дар Тоҷикистон муваззаф шуда буд, ки қабл аз пахши филмҳои хориҷӣ саҳнаҳои бӯсу канор ва ҳамхобагиро бибурад.

  • Телевизионҳои Тоҷикистон ҳар шаб филмҳои истеҳсоли Русияву Амрикоро намоиш медиҳанд. Дар гузашта ҷойи саҳнаҳои бӯсу канорро баъзан маводи таблиғотӣ пур мекард.

Маҳмадсаид Шоҳиён (Пиров), раиси Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон, рӯзи 7-уми феврал дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "аз рӯи ахлоқ ва менталитет наметавонем чунин саҳнаҳоро ба эфир роҳ диҳем." Вай қайчӣ зада шудани баъзе саҳнаҳои, ба гуфтаи ӯ, "муғойир ба арзишҳои миллӣ"-ро "дастури инсонӣ" номид.

"Дар бораи ягон филми мушаххас гап намезанам. Аммо онҳо барои ҷомеаи ҷаҳонӣ сохта шудаанд. Баъзан дар сурати пайдо шудани чизҳое, ки ба имиҷи давлати мо халал мерасонад ё ки зидди менталитети мардуми мост, вазифадор ҳастем роҳ надиҳем", - афзуд ӯ.

Тасмими манъи намоиши саҳнаҳои бӯсу канор ва ишқварзӣ дар телевизионҳои давлатӣ дар оинномаи нави "Тоҷикфилм", ки миёнаҳои соли гузашта таҳия шуда буд, низ таъкид гардидааст. Ин оиннома аз тарафи ҳукумат тасдиқ шуда ва филмҳо бар асоси он ба бозор ва телевизионҳо роҳ меёбад.

Дар ҷомеаи суннатии Тоҷикистон бархе аз тасмими Кумитаи телевизион ва радио тарафдорӣ карда, бархеи дигар онро хилоф ба меъёрҳои як ҷомеаи демократӣ номиданд.

Мухолифони тасмим мегӯянд, меъёри ахлоқ ваё хатти сурх кадом аст? Ва айни замон масъулони телевизионҳои давлатиро муттаҳам мекунанд, ки "дар фарқи ишқу фаҳш душворӣ мекашанд".

Сокинони Тоҷикистон ба намоиши саҳнаҳои шаҳватбарангез дар филму намоишномаҳои театрӣ ҳассосанд. Тобистони соли 2017 намоиши "Наход, ки ман нестам"-и ҳунармандони театри Маяковскийи пойтахт бо вокунишҳои тунд рӯбарӯ шуд. Баъзе аз сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ гуфтанд, дар намоишнома гӯё тарғиби фаҳшу шаҳват миёни кӯдаконро дарёфтанд. Ҳарчанд дертар мақомоти театр гуфтанд, ки чунин гап дар ҳаққашон дуруст нест.

https://www.ozodi.org/a/29756395.html


Инҳоро бояд шинохт

  • Восеев Абдуазиз Ганҷович


  • Тақвим

    << < Декабрь 2018 > >>
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
              1 2
    3 4 5 6 7 8 9
    10 11 12 13 14 15 16
    17 18 19 20 21 22 23
    24 25 26 27 28 29 30
    31            
     
    Пайвандҳои лозима